
АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо


Санаи 17 апрели соли 2023 дар толорои маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ ҷаласаи мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори он дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори 6-моҳаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур сардорон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, директорони хоҷагиҳои ҷангал дар ВМКБ, вилоятҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иштирок доштанд.
Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳо “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори нимсолаи якуми соли 2023” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби муқараргардида баъд аз муайян гардидани регламенти кори ҷаласаи мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал дар семоҳаи якуми соли 2023 муовини директори Агентӣ Шарифзода Д.Ҷ. ба маърузаи ҳисоботӣ баромад намуд. Дар рафти ироаи маърузаи ҳисоботӣ фаъолияти ҳар як сохтори Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба ҳарор дода шуд. Дар муҳокимаи масъала директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ иштирок намуда, оид ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар самтҳои фаъолияти сохторҳо суханронӣ карда, сабабу омилҳои онро аз масъулони соҳавӣ ба таври қатъӣ пурсон шуданд.
Директори Агентӣ Юсуфзода А.Ғ. ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта фаъолияти масъулони сохторҳои Агентӣ дар ҷойҳо, барои масъулияти баланд доштан дар фаъолияти хизматии давлатӣ, оид ба пешбурди корҳо дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ бо назардошти риояи қатъии тартибу низоми қоидаҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
20 апреля 2023 07:41
6

Бо мақсади таъмини амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ташвиқи ҳисси зебопарастӣ, ватандӯстӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, фарҳангию экологӣ ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” баргузор мегардад.
Таҳти ҳамин унвон санаи 15 апрели соли 2023 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе“Сайри гули лола” баргузор гардид, ки дар он кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маскани асосии гули лола дар ҳудуди Тоҷикистон буда. 24 намуди он ҳамчун гули худрӯй вомехӯрад. Дар гузашта байни халқи тоҷик ҳамасола иди сайри гули лола таҷлил гашта, сипас ин намуди гул ба Осиёи хурд, Туркия Ҳоланд ва дигар мамлакатҳо паҳн шудааст.
Воқеан, шаҳри Душанбе яке аз пештозони корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва гулшинонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, барандаи комили шоҳҷоизаи озмуни “Сайри гули лола” дар солҳои сипаришуда мебошад.
Бо дастур ва роҳнамоиҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе корҳои ободонӣ, созандагӣ, ниҳолшинонӣ, гуошинонӣ равнақи бештар касб намуда, таъмини тозагию озодагии шаҳраку маҳаллаҳо, баргузории аксияҳои экологии “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” марбут мебошад.
17 апреля 2023 08:59
6

Санаи 11 апрели соли ҷорӣ намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ACTED вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар аввал маҷлисро Нисо Шарифӣ – мутахассиси лоиҳаи “Механизми устуворӣ дар идоракунии муштараки захираҳои табиӣ дар водии Фарғона” ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо намояндагони ACTED ошно намуд.
Муовини директори Агентӣ Шарифзода Д.Ҷ. оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи ҷангал бо ширкати ACTED дар водии Зарафшон, вилояти Суғд, ноҳияи Деваштич, оид ба сохтани ниҳолхона ва сехи коркарди меваи хуч, ки бо ҳамкории муштараки ҷонибҳо ба истифода дода шудааст, суханронӣ намуданд.
Ҳалимов Абдурасул – координатори минтақавӣ ва менеҷери лоиҳа ба таври мухтасар оид ба лоиҳаи нави минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ “Механизми устуворӣ дар идоракунии муштараки захираҳои табиӣ дар водии Фарғона” баромад намуда қайд намуданд, ки ин барномаи минтақавӣ аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба муҳлати 3 сол ба маблағи 2,5 млн доллари ИМА амалӣ карда мешавад. Барнома 3 кишвари Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро дар бар мегирад. Мақсади асосии Лоиҳа беҳтар намудани устувории захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ ва коҳиш додани рақобат барои захираҳо, инчунин муколама ва ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати татбиқи барномаи Лоиҳа, дар водии Фарғона алакай 16 суббасейн муайян карда шудааст, ки дар Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Дар Узбекистон дар вилояти Фарғона ва дар Қирғизистон дар вилояти Боткент мебошанд.
12 апреля 2023 13:10
4

Санаи 30 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд хатти оби полезиро, ки барои бунёди 150 гектар боғи хуч пешбинӣ гардидааст, ба истифода доданд.
Ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард. Аз ин ру хатти оби полезӣ барои бунёди боғи мазкур аз масофаи 5,5 километр кашид шуда ба таври худҷореъ об то ба ин нуқта мерасад.
Дар ҳамин мавзеъ Пешвои муаззами миллат ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дидан намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни хоҷагии ҷангал аз ҷумла намунаи гиёҳҳои шифобахши бастубандгардида, шарбату афшураҳои гуногуне, ки аз маҳсулоти табии Тоҷикистон омода гардидаанд ва нӯшобаҳои аз анору хуч омодагашта ба намоиш гузошта шуда буд. Дар намоиши мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят ба миқдори 103 тонна хуч ҷамъоварӣ намуда, барои коркард ба корхонаҳо ва дигар харидорон пешниҳод кардааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид масъулинро муваззаф намуданд, ки минбаъд барои ҷамъоварии босифати маҳсулот ва банду басти замонавии он ҳамаҷониба чораандешӣ намуда содироти маҳсулоти ниҳоии аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо тамғаҳои гуногун ба кишварҳои мухталиф афзоиш диҳанд.
03 апреля 2023 09:08
4

Рӯзҳои 16-17 марти соли ҷорӣ намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари минтақавӣ оид ба таҳия намудани АУДИОДАСТУР (аудигогид) ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Семинари мазкур аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон GIZ дар доираи Барномаи минтақавии “Истифодаи фарогири замин бо дарназардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2021-2024” амалӣ карда шуд.
Ҳадафи асосии семинар ин омӯзонидани кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал, мамнуъгоҳҳо, ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда ва боғҳои миллӣ оид ба таҳияи АУДИОДАСТУР (аудиогид) бо мақсади ба даст овардани донишҳои зарурӣ барои рушди минбаъдаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда мебошад.
27 марта 2023 09:35
4

Рафти корҳои бунёду барқароркунии ҷангал дар ҳудуди заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки кормандони Муасисиаи давлатии хоҷагии ҷангал.
15 марта 2023 11:13
4

Санаи 4-уми марти соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат мавзеи Моинкаҷ бо иштироки кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистони Оғохон дар доираи лоиҳаи "Тасвири муҳити сабз" маъракаи муштараки ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар амалӣ намудани ин ташаббус зиёда аз 120 нафар кормандони Агенти ва созмонҳои АКДН иштирок намуданд.
Ин иқдом бо ҳадафи мусоидат ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, ҷилавгирӣ аз фарсоиш ва кумак ба пойбандии Тоҷикистон ба барномаҳо, роҳбурдҳо ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар заминаи амалисозии дастур ва конвенсияҳои ҳифзи табиат роҳандозӣ шуд.
Дар доираи ташаббуси "Тасвири муҳити сабз" дар маҷмуъ 10,500 дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз дар масоҳати 11,5 гектар шинонида хоҳад шуд.
07 марта 2023 13:32
12

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинониро дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и шаҳри Душанбе ба анҷом расонид.
02 марта 2023 11:57
5

Идомаи корҳои ниҳолшинонӣ дар таллу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат бо иштироки кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал.
27 февраля 2023 08:23
5
01 февраля 2023 12:54
4
Ҳуҷҷатҳо
Ахборҳо
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот...
01.05.2025
2
27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,...
29.04.2025
Субҳи 26 апрели соли равон дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе фестивали гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" баргузор гардид.
28.04.2025
4