АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Санаи 25-уми июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони Васоити ахбори омма (ВАО)...
26.07.2024
Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва баҳри таъмини иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2024, №26/10-227 ва...
23.07.2024
1
Фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зерсохтори он дар шаш моҳи соли 2024
Санаи 9 июли соли 2024 дар толорои маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ доир ба се масъалаи зерин ҷаласаи ҳайати мушовара...
09.07.2024
3
Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ҷангалпарвар” ҲХДТ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 бо иштироки намояндаи ҲХДТ Давлатзода С.
25.06.2024
5
Ҷараёни мавриди таҳлил қарор додани корҳои иҷрогардида тибқи супориши банди 40 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №11 дар бораи зиёд намудани майдони х...
22.06.2024
6
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:
1. Сармутахассиси шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой
•2...
12.06.2024
1
15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома...
19.03.2024
12
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод
11.03.2024
6
ТАҚВИМИ ЧОРАБИНИҲО
13.04.2022
Вохӯрии намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ дар Ҷамоати деҳоти Лангар ва Иван Точики нохияи Кӯҳистони МастчоҳМаълумоти бештар
13.04.2022
Тағйироти кадрӣ дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонТибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2022, №172 Назарзода Неъматулло Иброҳим – муовини Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Маълумоти бештар13.04.2022
Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Агентӣ4 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Набизода ҷаласаи навбатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Агентӣ дар ҳафтаи қаблӣ ва вазифагузориҳо барои ҳафтаи аз 4 то 9 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои натиҷагирии фаъолияти сохторҳои Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 бештар таваҷҷуҳ карда шуд. Ҳамзамон сардорони воҳидҳои сохторӣ дар назди муовини якуми раиси Агентӣ Н.Набизода оид ба фаъолиятҳои самти худ ба таври мушаххас ҳисобот доданд.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида супоришҳо дода шуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва нишон додани муҳлати иҷрои онҳо қарори дахлдор қабул карда шуд.
Маълумоти бештар15.04.2022
Ба истифода додани хати оби полезӣ ва бунёди боғи интенсивӣ дар мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ташриф оварда, нахуст хати оби полезиро барои обёрии 200 гектар замин ба истифода супорида, ба бунёди боғи нави интенсивӣ оғоз бахшиданд.
Маълумоти бештар06.05.2022
Иштирок дар 15-умин Конгресси ҷаҳонии ҷангалАз 2 то 6 майи соли ҷорӣ 15-умин Конгресси ҷаҳонии ҷангал дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ ва директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал” Ҳисайнов Нуралӣ иштирок намуданд.
Маълумоти бештар24.06.2022
Таҷлили 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Агентии хоҷагии ҷангал
24-уми июни соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал Шарифзода Давлаталӣ Ҷумъа ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда - Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намуд.
Сипас, корманди дастгоҳи марказии Агентӣ номзади илмҳои филологӣ Маҷид Салим бахшида ба ҷашни пуршукӯҳ- Ваҳдати миллӣ маърӯзаи худро ироа намуд. Маҷид Салим дар суханронии худ иброз намуд, ки маҳз бо саъю кӯшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, 27 июни соли 1997 рӯзи муқаддас барои тоҷикони ҷаҳон аст.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Созишномаи мазкур миллати тоҷикро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун кашида, сарзамини Тоҷикистонро аз парокандагӣ наҷот дод.
Боиси тазаккур аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати комил бо саъйю кӯшиш ва ҷонисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Пешвои муаззами миллат тавонист, дар ҳаллу фасли мушкилоти низоъҳои дохилӣ, бозгашти фирориён намунаи баланди ҷасорату фидокорӣ нишон диҳад.
28.07.2022
НИШАСТИ МАТБУОТИИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛҶиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2022, №26/10-272 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 санаи 27 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори Агентии хоҷагии ҷангал Юсуфзода А.Ғ., муовинони директор, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор, Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони ВАО, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Илм ва табиат”, “Ҷаҳоннамо”, инчунин радиои “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе” ва “Фарҳанг”, АМИТ “Ховар” ва рӯзномаҳои мухталифи ҷумҳурӣ, аз ҷумла рӯзномаи “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва ҳафтаномаҳо иштирок намуданд.
Дар нишасти матбуотии Агентӣ масъалаҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ибтидо аз рӯи рӯзнома директори Агентӣ Юсуфзода А.Ғ. оид ба фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 суханронӣ намуд. Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои мухталифи ба соҳаи ҷангал ва шикор алоқаманд саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони масъули Агентӣ посухҳои қаноатбахш дода шуданд.
Маълумоти бештар
29.07.2022
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Идоракунии устувори ҷангалҳои пистазор ва усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Санаи 26-27 июли соли ҷорӣ бо иқдоми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар доираи Барномаи минтақавии “Истифодаи ҳамгироёнаи замин бо назардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Идоракунии устувори ҷангалҳои пистазор ва усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур кормандони дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангал ва мутахассисони муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали системаи Агентӣ, намояндагони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, инчунин намояндагони ташкилоти GIZ иштирок намуданд.
Дар рӯзи аввали семинар ҷанбаҳои назариявӣ ва консептуалии идоракунии ҷангалҳои пистазор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Иштироккунандагон бо пешбурди корҳои хоҷагии ҷангал дар самти технологияи нави парвариши ниҳолҳои писта, бунёд ва барқароркунии пистазорҳо, технологияи ташкили плантатсияҳои замонавӣ, усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва асосҳои идоракунии устувори пистазорҳо шинос шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар рӯзи 2-юми семинари омӯзишӣ иштирокчиён ба хоҷагии ҷангали Хуросон сафар карда, оид ба ташкили корҳои ҳифзу нигоҳдорӣ, бунёду барқароркунии пистазор дар минтақаҳои хушкӣ шинос шуда, корҳои амалӣ оид ба усулҳои пайванди дарахтони синну солашон гуногун, аз ҷумла навниҳолҳо бо истифода аз технологияи муосир гузарониданд.
Донишу таҷрибаи аз натиҷаи семинари омузишӣ гирифтаи кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал барои минбаъд истифода намудани усулҳои нав дар пешбурди корҳои хоҷагии ҷангал дар самти парвариши писта, таъмин намудани идоракунии устувори пистазорҳо ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо мусоидат менамояд.
10.10.2022
Баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони муҳандисӣ-технакӣ ва коргузорони ташкилоту муассисаҳои системаи хоҷагии ҷангал
Дар асоси фармоиши Агентӣ аз 6 сентябри соли 2022, таҳти № 98 “Дар бораи Барнома ва нақшаи гузаронидани машғулиятҳои омўзишӣ барои кормандони муҳандиси-техникӣ ва коргузорони ташкилоту муассисаҳои системаи хоҷагии ҷангал” аз 13 сентябр то 4 октябри соли ҷорӣ 10 машғулияти омўзишӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, зиёда аз 175 нафар кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал аз тамоми ташкилоту муассисаи системаи Агентӣ ба омўзиш фаро гирифта шуданд, ки он барои фаъолияти самараноки минбаъдаи онҳо мусоидат хоҳад намуд.
Аз ҷумла, бо фармоишҳои Агентӣ аз 12 сентябри соли 2022, № 96 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Данғара, Ванҷ ва минтақаи Кулоб, аз 19 сентябри соли 2022, № 99 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияи Айнӣ ва вилояти Суғд, аз 23 сентябри соли 2022, № 102 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳритус, шаҳри Ваҳдат ва Рашт шахсони масъули дастгоҳи марказии Агентӣ сафарбар гардиданд. Инчунин, машғулияти ҷамъбастии он санаи 4 октябри соли љорӣ дар бинои Агентӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Агенти, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор, муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Шаҳринав, “ Қаратоғ”- шаҳри Турсунзода ва минтақаи ҷангалпарварии “ Эсанбой”- и ноҳияи Рудакӣ баргузор карда шуд.
Боиси тазаккур аст, ки машғулиятҳои омўзишии гузаронидашуда ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026 ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2022, №28/10-348(6) оид ба гузаронидани семинару тренингҳо бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал амалӣ карда шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ таклифу пешниҳодҳо барои самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор, ворид намудани тағийроту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, манфиатнок будани машғулиятҳои омўзишӣ ва минбаъд низ мунтазам гузаронидани онҳо манзур карда шуд.
Қайд бояд кард, ки машғулиятҳои омӯзишии мазкур бо дастгирии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар доираи лоиҳаи Барномаи минтақавӣ “Истифодаи ҳамгироёнаи замин бо назардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардидааст.
10.10.2022
Маъракаи баҳисобгирии сабзиши ниҳолҳоАйни замон тибқи фармоиши Агентӣ аз 22.08.2022, № 92 “Дар бораи гузаронидани баҳисобгирии тирамоҳии сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда ва тухмиҳои кишткардашуда” дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чорабинии баҳисобгирии сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда ва тухмиҳои кишткардашуда дар мавзеъҳои бунёду барқароркунии ҷангал, талу теппаҳои шафати шоҳроҳҳои автомобилгард ва ниҳолҳои мавҷуда дар корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал бо маром идома дорад.
Маълумоти бештар17.10.2022
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти 9- моҳи соли 2022
Санаи 13 октябри соли 2022 соати 9:00 дар бинои дастгоҳи марказии Агентӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар 9 - моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал”, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор, муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор, таъмини иҷрои барномаи соҳавӣ ва нақшаҳои истеҳсолӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Аз натиҷаи он қарори дахлдор қабул гардид, ки барои иҷро ба сохторҳо манзур карда мешавад.
19.10.2022
Ҷашн гирифтани Иди Меҳргон аз ҷониби кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.” Эмомалӣ Раҳмон
Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
15-уми октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Агентии хоҷагии ҷангал, дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои ва шаҳру ноҳияҳо Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаҳои кишоварзӣ ва Иди асал бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Дар ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода шуда, ҳунармандони мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиёни фаъоли Иди Меҳргон бо сипосномаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Агентии хоҷагии ҷангал сарфароз гардонида шуданд.
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон.
Маълумоти бештар
25.10.2022
Ҷаласа бахшида ба иди касбии "Рӯзи иттифоқи касаба"
Иди касбии “Рӯзи иттифоқи касаба”, имсол рӯзи 24 октябр бо розигии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сентябри соли 2022, №32045 (43), мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон “Дар бораи рӯзҳои ид” “Рӯзи иттифоқи касаба 24 октябр бори нахуст ҳамчун рӯзи иди касбӣ пешвоз гирифта мешавад.
Гузаронидани ҷаласа бахшида ба рӯзи Иттифоқи касаба дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ин ид дар арафаи 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин давра дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари соҳибистиқлолу демократии мо дигаргуниҳоии азиму назарраси аҳамияти ҷаҳонӣ дошта ба вуқуъ омад, эътибор ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувору таувим ёфт, ки ҳамаи ин мувафаќиятҳо бевосита бо фаъолияти дурандешонаи Сарвари давлат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўзҳо ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле пеш рафта, соҳаи ҷангалпарварӣ низ яке аз соҳаи муҳими иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, ки кормандони он аъзоёни иттифоқи касаба мебошанд.
Бинобар ин дар анҷоми ҷаласа ба кормандон ва фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи хоҷагии ҷангал бо ифтихорномаҳо ва бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
17.11.2022
Семинар дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ояндаи устувор бо ҷангалҳо
Аз 27 то 29 октябри соли 2022 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон семинари Корея ва Осиёи Марказӣ оид ба ояндаи устувор бо ҷангал баргузор гардид.
Мавзӯъҳои семинар:
1.Кабудизоркунӣ ва такмили маблағ барои минтақаҳои дуҷониба
2.Ҳамкории ҷангал дар байни Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ
3.Ҳуҷҷати ҷангал, сиёсати ҷангал, соҳаҳои эҳтимолии ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ
4.Шарикии манзараи Осиё
Маълумоти бештар
17.11.2022
Корҳои тайёр кардани замин барои ниҳолшинонӣ
Бо фаро расидани мавсими ниҳолшинонӣ, ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи шинонидани дарахтон дар Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал», ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ва дар дигар шаҳру ноҳияҳо мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023, корҳои тайёр кардани замин барои ниҳолшинонӣ шурӯъ гардида, корҳо дар ин самт бо маром идома дорад.
Маълумоти бештар24.11.2022
Ташрифи Хадамоти ҷангали Амрико ба Тоҷикистон
Аз 8 то 18 ноябри соли 2022 дар доираи Лоиҳаи "Таҳкими идоракунии захираҳои табии дар Тоҷикистон" намояндагони Хадамоти ҷангали ИМА (USFS) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар доираи ин сафар намояндагони Хадамоти ҷангали ИМА (USFS) рӯзҳои 9-15 ноябри соли 2022 бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал дар маҳалҳо аз Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Файзобод, Балҷувон, Ховалинг, Данғара, инчунин шаҳри Роғун ва вилояти Хатлон дидан намуданд.
Дар доираи ин Лоиҳа 17 ноябри соли 2022, муҳокимаҳо ва фокус-гуруҳ ташкил карда шуд ва дар он ба мутахасисони соҳавӣ имконият дода шуд, ки оид ба фаъолияти худ ва усулҳои ҳалли мушкилоте, ки дар масъалаҳои идоракунии ҷангал ҷой доранд, суханронӣ намоянд.
Инчунин рӯзи 18 ноябр директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуфзода Абдуҷаббор бо намояндагони Хадамоти ҷангали ИМА (USFS) вохӯри намуданд. Дар ин вохури масъалаҳои пешбинигардида дар самти пешгирии равандҳои тағйирёбии иқлим, рушди соҳаи ҷангалпарварӣ, ҷангалсозӣ ва ҳамкориҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифт.
Чорабиниҳое, ки дар доираи Лоиҳаи мазкур амалӣ карда мешаванд ба кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал имконият медиҳанд, ки оид ба фаъолияти худ, бартариҳо ва усулҳои ҳалли мушкилот дар идоракунии ҷангал, мубодилаи дониш ва таҷриба дар давраи сафарҳои оянда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, инчунин роҳҳои нави ҳамкориҳоро байни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали ИМА (USFS) мекушояд.
Маълумоти бештар
25.11.2022
Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 24 ноябри соли 2022 дар толори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлисро муовини директори Агентӣ Шарифзода Д.Ҷ. кушода, қайд намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” санаи 24 ноябр рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст ва бахшида ба ин ҷашнвора кормандони Агентӣ ва тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба Рўзи Парчами давлатӣ табрик ва муборакбод намуданд.
Ҳамчунин дар маҷлис кормандони Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон мудири шуъбаи бостоншиносӣ, номзади илмҳо Нуриддин Сайфуллоев ва мудири шуъбаи таърих, номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров зимни баромадҳояшон оид ба таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ суханронӣ намуданд.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод.
Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
Дар сафедияш роҳи бахти сафед,
Мебарад моро ба фардои умед.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!
Маълумоти бештар
02.12.2022
Корҳои Бунёду барқароркунии саксаул дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок
Дар доираи Лоиҳаи “Барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва мутобиқшвавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ноҳияи Шаҳритус дар майдони зиёда аз 200 гектар ниҳоли саксаул шинонида шуд.
Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 200 гектар ниҳоли саксаул шинонида шуд. Дар назар аст, ки то мавсими баҳори соли 2023 дар ин мавзеъ боз дар майдони 100 гектар саксаул шинонида шавад.
Ба андешаи мутахассисони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вуқӯъ омадани чангу ғубор ба тағйирёбии иқлим вобаста буда, гарду ғуборе, ки дар кишвар мевазанд, асосан аз самти сарҳад- мавзеъҳои хушки Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон ба амал меоянд.
«Мақсад аз бунёди саксаулзор- маҳз ҳимояи аҳолии маҳаллӣ аз вазиши чунин чангу ғубор мебошад. Зеро ниҳоли саксаул қум ва регҳоро мустаҳкам намуда, заминҳои хоҷагӣ ва маҳалҳои ба дашту биёбон наздикбударо аз вазидани чангу ғубор муҳофизат мекунад».
Бунёди майдони саксаулзор дар доираи Лоиҳаи “Барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки Лоиҳаи мазкур дар доираи ҳамкории Агентии ҷангали Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея амалӣ карда мешавад. Лоиҳа моҳи июли соли 2020 оғоз гардида, то моҳи августи соли 2023 давом меёбад.
Рӯзи 29 ноябри соли ҷорӣ аз рафти амалишавии Лоиҳа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок, директори минтақавии Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) Ҷон Минён, Намояндаи Хадамоти ҷангали Корея-ҳамоҳангсози Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сеҷин Ҷу, муовини Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода, Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» Нуралӣ Ҳусейнов шинос шуда, дар маросими шинонидани ниҳоли саксаул ширкат варзиданд.
Тазаккур бояд дод, ки бунёди саксаулзорҳо ҷиҳати пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити сукунати олами ҳайвонот ва таъмини некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Бунёди саксаулзорҳо дар доираи «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур ба роҳ монда шудааст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок изҳор намуд, ки соли равон аз барқарор гардидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Корея сӣ сол сипарӣ гардида, ин робитаҳо зина ба зина рушд намуда истодаанд.
Мақсад аз бунёди саксаулзор ҳимояи аҳолии маҳаллӣ аз вазиши чунин чангу ғубор мебошад. Зеро ниҳоли саксаул қуму регҳоро мустаҳкам намуда, заминҳои хоҷагӣ ва маҳалҳои ба ба дашту биёбон наздикбударо аз вазидани чангу ғубор муҳофизат мекунад.
Саксаул чист?
Саксаул як намуди дарахтест, ки асосан биёбон мерӯяд ва баландиаш тақрибан 5-8 метр мебошад. Ин растанӣ ба хушксолии шадид, гармии тоқатфарсо ва шӯразамин тобовар мебошад..
Танаи растанӣ каҷ аст, аммо сатҳи ҳамвор дорад ва диаметраш ба 1 метр мерасад. Ин намуди дарахт тоҷи азими сабзи дурахшон дорад, ки аз дур намоён мегардад
Чаро саксаулро растании ғайриоддӣ меҳисобанд?
Ин растанӣ хусусияти биологии худро дорад, зеро он ба иқлими биёбон мутобиқ мешавад. Он хоки регдорро аз шамол муҳофизат ва то андозае эрозияи шамолро пешгирӣ мекунад. Ин имкон медиҳад, ки биёбон экосистемаи табиии худро нигоҳ дорад.
Ба ғайр аз вазифаи асосӣ саксаул ҳайвоноти хонагии маҳаллӣ (гов, гӯсфанд, шутур)-ро бо манбаи иловагии хӯрок таъмин мекунад.
Маълумоти бештар07.12.2022
Иштироки намояндагони Агентӣ дар тренинг оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағирёбии иқлим
6 декабри соли 2022 дар доираи дастгириҳои Фонди Иқлими Сабз тренинг оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағирёбии иқлим, ки дар меҳмонхонаи «Хилтон» баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар тренинги мазкур усулҳои дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими иқтидори он оид ба мониторинг ва арзёбии маблағгузории иқлим, муайян намудани субъектҳои эҳтимолии дастрасии мустақим ва ҷалби бахши хусусӣ ба сармоягузории иқлим бо кӯмаки Фонди Иқлими Сабз GCP/TAJ/015/GCR баррасӣ шуданд.
Маълумоти бештар
15.12.2022
Идомаи корҳои ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣҶиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои "Барномаи рушди соҳаи ҷангал солҳои 2022-2026" дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон корҳои бунёду барқароркунии ҷангал ва кабудизоркунии таллу теппҳо бо маром идома дорад.
Маълумоти бештар19.12.2022
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат
Бо мақсади иҷрои банди 6 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, №3 ҷиҳати кабудизоркунии ду тарафи роҳҳои автомобилгарди гирду атрофи шаҳри Душанбе, инчунин роҳҳои самтҳои шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Варзоб Нақшаи чорабиниҳои Агентӣ таҳия ва тасдиқ гардид.
Ҳамчунин вобаста ба иҷрои банди 26 Нақша чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026” бунёди “минтақаи сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгардро пешбинӣ менамояд. Бо ҳамин мақсад дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба” ва нигодории ҷангал”-и шаҳри Душанбе, инчунин дар талу теппаҳои шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат санаи 17 декабри соли равон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, директори Агентӣ, муовини раиси ноҳияи Рудакӣ, олимон ва мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд, ки дар доираи ин чорабиниҳо зиёда аз 2000 бех ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳанда аз қабили сӯзанбарг, олучабандак ва бодом шинонида шуд.
Ҳамзамон тайёр кардани замин ва шинонидани ниҳолҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ бо маром идома дорад.
Маълумоти бештар
21.12.2022
Гузаронидани чорабиниҳои биотехникӣ
Чорабиниҳои биотехникӣ ин тадбирҳои таъсиррасонии бевосита ба ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо бо мақсади нигоҳ доштан, танзими саршумор ва таркиби намуди ҳайвоноти шикорӣ дар шароити табиӣ ва сермаҳсул кардани шикоргоҳҳо мебошад.
Ҳамасола бо мақсади эмин ва бе талаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон дар фасли змистон аз тарафи муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд, ки дар он барои ҳайвоноту парандагон аз қабили хошок, рези гандум, ҷав, шоли ва дигар намуди хӯроки чорво дар ҷойҳои сукунати онҳо гузошта мешавад.
Вобаста ба ин аз 15-20 декабри соли равон дар ноҳияҳои водии Рашт ва дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ чорабиниҳои биотехникӣ аз тарафи муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал гузаронида шуданд ва корҳо дар ин самт дар дигар шаҳру н
оҳияҳо идома дорад.
Маълумоти бештар
18.01.2023
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Чорабиниҳои биотехникӣ ин тадбирҳои таъсиррасонии бевосита ба ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо бо мақсади нигоҳ доштан, танзими саршумор ва таркиби намуди ҳайвоноти шикорӣ дар шароити табиӣ ва сермаҳсул кардани шикоргоҳҳо мебошад.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ аз санаи 10 то 20 январи соли 2023 дар ҷумҳурӣ сардии ҳаво то 20 дараҷа пешбинӣ шудааст.
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барқияи ҳукуматӣ №5/28-1, аз 11 январи соли 2023 оид ба пурзур намудани ситодҳои зимистонгузаронӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, диққати ҷиддӣ дода ба таъмини чорвои калони шохдор ва моли майда бо хурокҳои серғизо ва дурушт, таҳти назорат қарор дода ҳолати омодагии биноҳҳои фермаю кашарҳо, инчунин бо мақсади роҳ надодан ба талафёбии олами ҳайвонот ва парандагони нодир, таъмини онҳо бо хурокҳои серғизо ва дурушт аз тарафи муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои биотехникӣ гузаронида шудаистодааст ва корҳо дар ин самт бо маром ҳамаруза идома дорад.
Маълумоти бештар
24.01.2023
Баррасии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Санаи 20 январи соли равон дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори ва Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал" ва Дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сарходими илмии Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раиси фонди милии "Шоҳроҳи Абрешим" номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Маҳмадазимов Абдуғанӣоид оид ба шарҳу муҳтаво ва баррасии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷлис баргузор гардид.
Маълумоти бештар01.02.2023
Санаи 31.01.2023 дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуоти бо иштироки васеӣ рузноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
27.02.2023
Ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-ВаҳдатИдомаи корҳои ниҳолшинонӣ дар таллу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат бо иштироки кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал.
Маълумоти бештар02.03.2023
Ниҳолшинонӣ дар "Боғи Ғалаба"-и шаҳри Душанбе
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинониро дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и шаҳри Душанбе ба анҷом расонид.
Маълумоти бештар07.03.2023
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат
Санаи 4-уми марти соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат мавзеи Моинкаҷ бо иштироки кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистони Оғохон дар доираи лоиҳаи "Тасвири муҳити сабз" маъракаи муштараки ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар амалӣ намудани ин ташаббус зиёда аз 120 нафар кормандони Агенти ва созмонҳои АКДН иштирок намуданд.
Ин иқдом бо ҳадафи мусоидат ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, ҷилавгирӣ аз фарсоиш ва кумак ба пойбандии Тоҷикистон ба барномаҳо, роҳбурдҳо ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар заминаи амалисозии дастур ва конвенсияҳои ҳифзи табиат роҳандозӣ шуд.
Дар доираи ташаббуси "Тасвири муҳити сабз" дар маҷмуъ 10,500 дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз дар масоҳати 11,5 гектар шинонида хоҳад шуд.
15.03.2023
Корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал
Рафти корҳои бунёду барқароркунии ҷангал дар ҳудуди заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки кормандони Муасисиаи давлатии хоҷагии ҷангал.
27.03.2023
Иштироки намояндагони Агентӣ дар семинари минтақавӣ оид ба таҳия намудани аудиодастур (аудигид) дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Рӯзҳои 16-17 марти соли ҷорӣ намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари минтақавӣ оид ба таҳия намудани АУДИОДАСТУР (аудигогид) ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Семинари мазкур аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон GIZ дар доираи Барномаи минтақавии “Истифодаи фарогири замин бо дарназардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2021-2024” амалӣ карда шуд.
Ҳадафи асосии семинар ин омӯзонидани кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал, мамнуъгоҳҳо, ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда ва боғҳои миллӣ оид ба таҳияи АУДИОДАСТУР (аудиогид) бо мақсади ба даст овардани донишҳои зарурӣ барои рушди минбаъдаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда мебошад.
Маълумоти бештар
03.04.2023
Боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулотҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд
Санаи 30 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд хатти оби полезиро, ки барои бунёди 150 гектар боғи хуч пешбинӣ гардидааст, ба истифода доданд.
Ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард. Аз ин ру хатти оби полезӣ барои бунёди боғи мазкур аз масофаи 5,5 километр кашид шуда ба таври худҷореъ об то ба ин нуқта мерасад.
Дар ҳамин мавзеъ Пешвои муаззами миллат ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дидан намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни хоҷагии ҷангал аз ҷумла намунаи гиёҳҳои шифобахши бастубандгардида, шарбату афшураҳои гуногуне, ки аз маҳсулоти табии Тоҷикистон омода гардидаанд ва нӯшобаҳои аз анору хуч омодагашта ба намоиш гузошта шуда буд. Дар намоиши мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят ба миқдори 103 тонна хуч ҷамъоварӣ намуда, барои коркард ба корхонаҳо ва дигар харидорон пешниҳод кардааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид масъулинро муваззаф намуданд, ки минбаъд барои ҷамъоварии босифати маҳсулот ва банду басти замонавии он ҳамаҷониба чораандешӣ намуда содироти маҳсулоти ниҳоии аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо тамғаҳои гуногун ба кишварҳои мухталиф афзоиш диҳанд.
Маълумоти бештар
12.04.2023
Вохӯрии намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ACTED
Санаи 11 апрели соли ҷорӣ намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ACTED вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар аввал маҷлисро Нисо Шарифӣ – мутахассиси лоиҳаи “Механизми устуворӣ дар идоракунии муштараки захираҳои табиӣ дар водии Фарғона” ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо намояндагони ACTED ошно намуд.
Муовини директори Агентӣ Шарифзода Д.Ҷ. оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи ҷангал бо ширкати ACTED дар водии Зарафшон, вилояти Суғд, ноҳияи Деваштич, оид ба сохтани ниҳолхона ва сехи коркарди меваи хуч, ки бо ҳамкории муштараки ҷонибҳо ба истифода дода шудааст, суханронӣ намуданд.
Ҳалимов Абдурасул – координатори минтақавӣ ва менеҷери лоиҳа ба таври мухтасар оид ба лоиҳаи нави минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ “Механизми устуворӣ дар идоракунии муштараки захираҳои табиӣ дар водии Фарғона” баромад намуда қайд намуданд, ки ин барномаи минтақавӣ аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба муҳлати 3 сол ба маблағи 2,5 млн доллари ИМА амалӣ карда мешавад. Барнома 3 кишвари Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро дар бар мегирад. Мақсади асосии Лоиҳа беҳтар намудани устувории захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ ва коҳиш додани рақобат барои захираҳо, инчунин муколама ва ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати татбиқи барномаи Лоиҳа, дар водии Фарғона алакай 16 суббасейн муайян карда шудааст, ки дар Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Дар Узбекистон дар вилояти Фарғона ва дар Қирғизистон дар вилояти Боткент мебошанд.
Маълумоти бештар
17.04.2023
Фестивали “Сайри гули лола” дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе
Бо мақсади таъмини амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ташвиқи ҳисси зебопарастӣ, ватандӯстӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, фарҳангию экологӣ ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” баргузор мегардад.
Таҳти ҳамин унвон санаи 15 апрели соли 2023 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе“Сайри гули лола” баргузор гардид, ки дар он кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маскани асосии гули лола дар ҳудуди Тоҷикистон буда. 24 намуди он ҳамчун гули худрӯй вомехӯрад. Дар гузашта байни халқи тоҷик ҳамасола иди сайри гули лола таҷлил гашта, сипас ин намуди гул ба Осиёи хурд, Туркия Ҳоланд ва дигар мамлакатҳо паҳн шудааст.
Воқеан, шаҳри Душанбе яке аз пештозони корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва гулшинонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, барандаи комили шоҳҷоизаи озмуни “Сайри гули лола” дар солҳои сипаришуда мебошад.
Бо дастур ва роҳнамоиҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе корҳои ободонӣ, созандагӣ, ниҳолшинонӣ, гуошинонӣ равнақи бештар касб намуда, таъмини тозагию озодагии шаҳраку маҳаллаҳо, баргузории аксияҳои экологии “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” марбут мебошад.
Маълумоти бештар
20.04.2023
Фаъолияти Агении хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зерсохтори он дар семоҳаи якуми соли 2023
Санаи 17 апрели соли 2023 дар толорои маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ ҷаласаи мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори он дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори 6-моҳаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур сардорон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, директорони хоҷагиҳои ҷангал дар ВМКБ, вилоятҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иштирок доштанд.
Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳо “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори нимсолаи якуми соли 2023” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби муқараргардида баъд аз муайян гардидани регламенти кори ҷаласаи мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал дар семоҳаи якуми соли 2023 муовини директори Агентӣ Шарифзода Д.Ҷ. ба маърузаи ҳисоботӣ баромад намуд. Дар рафти ироаи маърузаи ҳисоботӣ фаъолияти ҳар як сохтори Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба ҳарор дода шуд. Дар муҳокимаи масъала директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ иштирок намуда, оид ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар самтҳои фаъолияти сохторҳо суханронӣ карда, сабабу омилҳои онро аз масъулони соҳавӣ ба таври қатъӣ пурсон шуданд.
Директори Агентӣ Юсуфзода А.Ғ. ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта фаъолияти масъулони сохторҳои Агентӣ дар ҷойҳо, барои масъулияти баланд доштан дар фаъолияти хизматии давлатӣ, оид ба пешбурди корҳо дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ бо назардошти риояи қатъии тартибу низоми қоидаҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маълумоти бештар
26.04.2023
Ҷаласа бахшида ба “28 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат”
Имрӯз дар бинои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “28 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат”
ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор ва намояндагон аз муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд.
Раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон Холов Комилҷон зимни баромади худ қайд намуданд, ки Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие, ки шаҳрвандон, кормандони соҳаро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайри истеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид намуда дар назди мақомоти ваколатдорӣ давлатӣ ва хоҷагидорӣ сарфи назар аз шакли моликият ва сохтори ташкилию ҳуқуқиашон созмон дода шудааст.
Мақсад аз гузаронидани ҷаласаи мазкур ба қадри имкон ҷоннок намудани масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон дар ташкилоту муассисаҳои Агентӣ мебошад. Масъалаи ҳифзи меҳнат ва ҳимояи ҳуқуқи меҳнаткашро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи меҳнат” ба танзим медарорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи меҳнат” , ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2009, №1325 қабул гардидааст. Қонуни мазкур асосан системаи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигенӣ, табобатию пешгирӣ намудани касалиҳо ва бехатарии техникии меҳнатро ба танзим медарорад.
Маълумоти бештар
14.06.2023
Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Омӯзиши усулҳои ташкили боғҳои саноатии писта дар асоси ҷангалҳои худрӯй ва аз тухмӣ рӯида” Санаи 9 июни соли 2023 семинар-тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Омӯзиши усулҳои ташкили боғҳои саноатии писта дар асоси ҷангалҳои худрӯй ва аз тухмӣ рӯида” дар мавзеи таҷрибавӣ – намоишии “Телевишка” – и Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон баргузор гардид.
Дар семинари мазкур ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал ва Гурӯҳи кории татбиқи “Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо дастгирии Хадамоти ҷангали Корея (KFS) ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор гардид, кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, ва сарҷангалпарварони муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Дар семинар рӯнамоҳо ва маърӯзаҳо доир ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишт, бунёд ва идоракунии плантатсияҳои таҷрибавӣ, саҳмгузорӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори хоҷагии ҷангали Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуда, қайд гардид, ки Лоиҳаи мазкур тибқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал байни Хадамоти ҷангали Кореяи Ҷумҳурии Корея ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Мақсади лоиҳаи мазкур барқарор кардани ҷангалҳо дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсоли писта, таҳкими иқтидор дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва мусоидат ба рушди муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар мебошад.
25.01.2024
САДА - ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну Ҷамшед ёдгор аст.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эҳё гардонидани анъана ва расму оинҳои ниёгонамон, бозгашт ба гузаштаву сарчашмаи асолати миллии онҳо иқдомҳои бузурге роҳандозӣ шуда истодаанд.
25.01.2024
Баррасии муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Бо ташаббуси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори дастгоҳи марказии Агентӣ оид ба тавзеҳи муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки аз 28 декабри соли 2023, ироа гардид, ҷаласа баргузор карда шуд.
29.01.2024
Бунёди плантатсияи сафедорМаъракаи бунёди плантатсияи сафедор дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Қубодиён
Маълумоти бештар29.01.2024
Шинонидани қаламчаҳои сафедор ва тухми пистаШинонидани қаламчаҳои сафедор ва тухми писта дар халтачаҳо дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Қубодиён
Маълумоти бештар29.01.2024
Корҳои ниҳолшинонӣ дар минтақаи СебистонНиҳолшинонӣ дар минтақаи Себистони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара
Маълумоти бештар29.01.2024
Бунёди боғи себБунёди боғи себ дар дар минтақаи Алмосии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор
Маълумоти бештар29.01.2024
Ҷашни Сада дар ноҳияи РаштТаҷлили Ҷашни Сада ва намоиши маҳсулоти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт
Маълумоти бештар29.01.2024
Корҳои бунёду барқароркунӣКорҳои бунёду барқароркунии ҷангалзорҳои муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Мӯъминобод ва Ховалинги минтақаи Кӯлоб
Маълумоти бештар29.01.2024
Муайян кардани хокМуайян кардани хоки заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод
Маълумоти бештар29.01.2024
Таҷлили Иди СадаНамоиши маҳсулоти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Нуробод ба муносибати таҷлили Иди Сада
Маълумоти бештар29.01.2024
Муайян намудани хокМуайян намудани хок дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш
Маълумоти бештар29.01.2024
Иди Сада дар ноҳияи БалҷувонТаҷлили ҷашни аҷдодии Иди Сада ва намоиши маҳсулоти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Балҷувон
Маълумоти бештар29.01.2024
Таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри КӯлобСада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10 моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30 ва оғози рӯзи 31 январ рост меояд...
Маълумоти бештар29.01.2024
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни СадаҲамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Сада, ки ҳамчун ёдгори бисёр гаронбаҳо аз аҷдоди некномамон ба мо мерос монда, ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон эҳё гардидааст ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллии мо табдил ёфтааст, самимона табрик мегӯям.
Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст...
29.01.2024
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри ДушанбеСанаи 28-уми январи соли ҷорӣ дар боғи "Абулқосим Фирдавсӣ"-и шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои аҷдодии халқи тоҷик "Иди Сада"...
Маълумоти бештар31.01.2024
Нишасти матбуотӣ Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон ва намояндагони Васоити ахбори омма
Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва баҳри таъмини иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2023, №26/10-491 оид ба Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2023, санаи 1-уми феврали соли 2024 соати 1400 нишасти матбуотӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» дар маҷлисгоҳи Агентӣ баргузор мегардад. Аз намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
Нишасти матбуотӣ
02.02.2024
Баргузории нишасти матбуотӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023»
Санаи 1-уми феврал дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони Васоити ахбори омма (ВАО) доир гардид.
Дар нишасти матбуотии Агентӣ маълумоти мухтасар оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли ҷадид манзур карда шуд.
Тибқи рӯзнома директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ нишасти матбуотиро ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти Агентӣ дар соли 2023 суханронӣ намуданд. Сипас, аз ҷониби рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои мухталиф вобаста ба соҳаи хоҷагии ҷангал ва таъсири раванди тағйирёбии иқлим, барномаи давлатии рушди парвариши павловния, кабудизоркунии шафати роҳҳои байналмилалӣ саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони соҳа посухҳои мукаммал дода шуданд.
21.02.2024
Корҳои биотехникӣГузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт
Маълумоти бештар22.02.2024
Гузаронидани корҳои биотехникӣГузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Х. Сармусоқови ноҳияи Ашт
Маълумоти бештар22.02.2024
Бо хӯрока таъмин намудани ҳайвоноту паррандагони кӯҳӣДар парваришгоҳи Дараи Сабзи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон баҳри бо хӯрока таъмин намудани ҳайвоноту паррандагони кӯҳӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
Маълумоти бештар22.02.2024
Корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри ҲисорГузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор
Маълумоти бештар22.02.2024
Иҷрои корҳои биотехникӣИҷрои корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор
Маълумоти бештар22.02.2024
Иштирок дар мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ дар Қатар ва мулоқот бо Амири Қатар 17.02.2024Иштирок дар мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ дар Қатар ва мулоқот бо Амири Қатар
17.02.2024
http://www.president.tj/node/32712
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, ки бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ сафари корӣ анҷом медиҳанд, барои тамошои мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба майдони васеи хоси ин бозиҳо ташриф оварданд.
Дар макони баргузории ин мусобиқаи бошукӯҳ, ки барои Ҷоизаи Амири Давлати Қатар баргузор мегардад, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба толори мулоқот даъват намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Амири Давлати Қатарро бо баргузории бомуваффақияти мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ шодбош гуфта, барои даъват ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро, ҳамчунин, бо пирӯзии дастаи миллии кишвараш дар чемпионати Осиё доир ба футбол табрику таҳният гуфта, барои пазироии шоиста аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо изҳори қадрдонӣ намуданд.
Амири Давлати Қатар дар навбати худ ба ҳаштгонаи дастаҳои беҳтарини футболи Осиё ворид шудани дастаи Тоҷикистонро дастоварди пуршараф номида, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин натиҷаи баланд шодбош гуфтанд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо зарурати тақвияти робитаҳои ду кишварро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид карданд.
Пешвои миллат ба алоқамандии ҷониби мо ба ҷалби сармояи қатарӣ ба соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъданҳо ва кишоварзӣ бахусус ишора намуданд.
Дар ин зимн атрофи мувофиқаҳое, ки чанде пеш дар рафти сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Давлати Қатар ба даст омада буданд ва ҷараёни татбиқи онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо аз оғози фаъолияти амалии гурӯҳҳои муштараки корӣ ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда истиқбол намуданд.
Сарони ду давлати дӯст ҳамчунин доир ба як қатор мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули андеша карданд.
Пас аз мулоқот Амири давлати Қатар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тамошои якҷояи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ ба тамошогоҳи майдони васеи хоси ин бозиҳо даъват намуданд.
Суҳбати самимии сарони ду давлат ҳангоми тамошои пойгаҳи аспдавонӣ идома ёфт.
Тавре зикр гардид, ин намуди варзиш дар миёни мардумони араб, аз ҷумла қатариён, шуҳрати беандоза зиёд дорад ва дар он варзишгарони моҳиру номдор аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон иштирок намуда, ғолибон соҳиби ҷоизаҳои калон мегарданд.
22.02.2024
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 18 феврали соли 2024 №73 ш. ДушанбеДар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ
дар солҳои 2024-2026
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои банди 30 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад:
1. Аз соли 2024 то соли 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода шавад, аз ҷумла:
- дар соли 2024 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;
- дар соли 2025 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;
- дар соли 2026 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.
2.Қоидаҳои ҷудо намудани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи маблағҳои буҷетии дар соли 2024 пешбинишуда таъмин карда, маблағҳои заруриро дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои солҳои 2025-2026 пешбинӣ намояд.
4.Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
22.02.2024
Гузаронидани корҳои биотехникӣГузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеъҳои Чиларча ва Парваришгоҳи Табиии давлатии Зарафшони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент
Маълумоти бештар11.03.2024
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи ТоҷикободГузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод
Маълумоти бештар11.03.2024
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи МуъминободГузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод
Маълумоти бештар19.03.2024
Қабули эътимоднома аз сафирони нав15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷеш Уки, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Мунирул Ислом, Подшоҳии Нидерланд Нико Схемерс, Ҷумҳурии Литва Навикас Эгидиюс, Ҷумҳурии Словакия Виктор Боретски, Ватикан Ҷорҷ Ҷорҷ Панамтундил, Ҷумҳурии Ангола Аугушто да Силва Куня, Ҷумҳурии Бенин Андре Акамби Окунлола-Биау, Ҷумҳурии Сйерра Леоне Моҳамед Йонгаво ва Ҷумҳурии Колумбия Эктор Исидро Аренас Нейра, эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
12.06.2024
Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонАгентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:
1. Сармутахассиси шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой
•2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
•Маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
22.06.2024
Ҷараёни мавриди таҳлил қарор додани майдони хучзорҶараёни мавриди таҳлил қарор додани корҳои иҷрогардида тибқи супориши банди 40 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №11 дар бораи зиёд намудани майдони хучзор
Маълумоти бештар25.06.2024
Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ҷангалпарвар” ҲХДТ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои соли минбаъдаБаргузории маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ҷангалпарвар” ҲХДТ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 бо иштироки намояндаи ҲХДТ Давлатзода С.
Маълумоти бештар09.07.2024
Фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зерсохтори он дар шаш моҳи соли 2024Фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зерсохтори он дар шаш моҳи соли 2024
Санаи 9 июли соли 2024 дар толорои маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ доир ба се масъалаи зерин ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид:
23.07.2024
Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон ва намояндагони Васоити ахбори оммаМутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва баҳри таъмини иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2024, №26/10-227 ва аз 1 марти соли 2024, №26/10-80 оид ба Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024, санаи 25-уми июли соли 2024 соати 16:00 дар маҷлисгоҳи Агентӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Маълумоти бештар26.07.2024
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА «НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024»Санаи 25-уми июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорони Васоити ахбори омма (ВАО) доир гардид.
Дар нишасти матбуотии Агентӣ маълумоти мухтасар оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои соли ҷадид манзур карда шуд.
03.10.2024
НИҲОЛҲОИ ШИНОНИДАШУДА ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ-ВАҲДАТДидан намудани директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода ва директори лоиҳаи “Бунёди ҷангал ва агроҷангал барои мубориза бо биёбоншавӣ ва афзоиши даромади мардум дар Тоҷикистон”-и Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея Сонг Кёнгҳо аз натиҷаи сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат
Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Ганҷобод аз тарафи лоиҳаи “Бунёди ҷангал ва агроҷангал барои мубориза бо биёбоншавӣ ва афзоиши даромади мардум дар Тоҷикистон” дар майдони 8га аз қабили ниҳолҳои санавбар, туя, хуч, олуча, акатсия, шулаш, тут, бодоми талхдона ва дигар ниҳолҳо ба миқдори 8000 бех шинонида шудааст, қи сабзиши он дар ҳолати хуб қарор дорад.
Маълмот барои тамос
734025, ш. Душанбе, куч. Бостони 3 Телефон: +992 225 08 14 E-mail: info@forest.tj
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон