Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иттилоот

RSS
Вохӯрии намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ACTED
Вохӯрии намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ACTED

       Санаи 11 апрели соли ҷорӣ намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ACTED вохӯрӣ баргузор намуданд.
       Дар аввал маҷлисро Нисо Шарифӣ – мутахассиси лоиҳаи “Механизми устуворӣ дар идоракунии муштараки захираҳои табиӣ дар водии Фарғона” ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо намояндагони ACTED ошно намуд.
      Муовини директори Агентӣ Шарифзода Д.Ҷ. оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи ҷангал бо ширкати ACTED дар водии Зарафшон, вилояти Суғд, ноҳияи Деваштич, оид ба сохтани ниҳолхона ва сехи коркарди меваи хуч, ки бо ҳамкории муштараки ҷонибҳо ба истифода дода шудааст, суханронӣ намуданд.
     Ҳалимов Абдурасул – координатори минтақавӣ ва менеҷери лоиҳа ба таври мухтасар оид ба лоиҳаи нави минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ “Механизми устуворӣ дар идоракунии муштараки захираҳои табиӣ дар водии Фарғона” баромад намуда қайд намуданд, ки ин барномаи минтақавӣ аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба муҳлати 3 сол ба маблағи 2,5 млн доллари ИМА амалӣ карда мешавад. Барнома 3 кишвари Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро дар бар мегирад. Мақсади асосии Лоиҳа беҳтар намудани устувории захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ ва коҳиш додани рақобат барои захираҳо, инчунин муколама ва ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ мебошанд.
      Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати татбиқи барномаи Лоиҳа, дар водии Фарғона алакай 16 суббасейн муайян карда шудааст, ки дар Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Дар Узбекистон дар вилояти Фарғона ва дар Қирғизистон дар вилояти Боткент мебошанд.
 

 

12.04.2023

4

Боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулотҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд
Боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулотҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд

      Санаи 30 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд хатти оби полезиро, ки барои бунёди 150 гектар боғи хуч пешбинӣ гардидааст, ба истифода доданд.
       Ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард. Аз ин ру хатти оби полезӣ барои бунёди боғи мазкур аз масофаи 5,5 километр кашид шуда ба таври худҷореъ об то ба ин нуқта мерасад.
      Дар ҳамин мавзеъ Пешвои муаззами миллат ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дидан намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни хоҷагии ҷангал аз ҷумла намунаи гиёҳҳои шифобахши бастубандгардида, шарбату афшураҳои гуногуне, ки аз маҳсулоти табии Тоҷикистон омода гардидаанд ва нӯшобаҳои аз анору хуч омодагашта ба намоиш гузошта шуда буд. Дар намоиши мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят ба миқдори 103 тонна хуч ҷамъоварӣ намуда, барои коркард ба корхонаҳо ва дигар харидорон пешниҳод кардааст.
     Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид масъулинро муваззаф намуданд, ки минбаъд барои ҷамъоварии босифати маҳсулот ва банду басти замонавии он ҳамаҷониба чораандешӣ намуда содироти маҳсулоти ниҳоии аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо тамғаҳои гуногун ба кишварҳои мухталиф афзоиш диҳанд.

03.04.2023

4

Иштироки намояндагони Агентӣ дар семинари минтақавӣ оид ба таҳия намудани аудиодастур (аудигид) дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Иштироки намояндагони Агентӣ дар семинари минтақавӣ оид ба таҳия намудани аудиодастур (аудигид) дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

        Рӯзҳои 16-17 марти соли ҷорӣ намояндагони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари минтақавӣ оид ба таҳия намудани АУДИОДАСТУР (аудигогид) ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

        Семинари мазкур аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон GIZ дар доираи Барномаи минтақавии “Истифодаи фарогири замин бо дарназардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2021-2024” амалӣ карда шуд.

        Ҳадафи асосии семинар ин омӯзонидани кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал, мамнуъгоҳҳо, ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда ва боғҳои миллӣ оид ба таҳияи АУДИОДАСТУР (аудиогид) бо мақсади ба даст овардани донишҳои зарурӣ барои рушди минбаъдаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда мебошад.

27.03.2023

4

Корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал
Корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал

     
        Рафти корҳои бунёду барқароркунии ҷангал дар ҳудуди заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки кормандони Муасисиаи давлатии хоҷагии ҷангал. 

15.03.2023

4

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат

 

    Санаи 4-уми марти соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат мавзеи Моинкаҷ бо иштироки кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистони Оғохон  дар доираи лоиҳаи "Тасвири муҳити сабз" маъракаи муштараки ниҳолшинонӣ баргузор гардид. 
     Дар амалӣ намудани ин ташаббус зиёда аз 120 нафар кормандони Агенти ва созмонҳои АКДН иштирок намуданд.
   Ин иқдом бо ҳадафи мусоидат ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, ҷилавгирӣ аз фарсоиш ва кумак ба пойбандии Тоҷикистон ба барномаҳо, роҳбурдҳо ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар заминаи амалисозии дастур ва конвенсияҳои ҳифзи табиат роҳандозӣ шуд. 
     Дар доираи ташаббуси "Тасвири муҳити сабз" дар маҷмуъ 10,500 дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз дар масоҳати 11,5 гектар шинонида хоҳад шуд.

07.03.2023

12

Ниҳолшинонӣ дар "Боғи Ғалаба"-и шаҳри Душанбе
Ниҳолшинонӣ дар "Боғи Ғалаба"-и шаҳри Душанбе

       

         Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинониро дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и шаҳри Душанбе ба анҷом расонид.

02.03.2023

5

Ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат
Ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат

Идомаи корҳои ниҳолшинонӣ дар таллу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат бо иштироки кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал.

27.02.2023

5

  Санаи 31.01.2023 дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуоти бо иштироки васеӣ рузноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Санаи 31.01.2023 дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуоти бо иштироки васеӣ рузноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.


01.02.2023

4

Баррасии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Баррасии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 

   Санаи 20 январи соли равон дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори ва Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал" ва Дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сарходими илмии Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раиси фонди милии "Шоҳроҳи Абрешим" номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Маҳмадазимов Абдуғанӣоид оид ба шарҳу муҳтаво ва баррасии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷлис баргузор гардид.

24.01.2023

4

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

       Чорабиниҳои биотехникӣ ин тадбирҳои таъсиррасонии бевосита ба ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо бо мақсади нигоҳ доштан, танзими саршумор ва таркиби намуди ҳайвоноти шикорӣ дар шароити табиӣ ва сермаҳсул кардани шикоргоҳҳо мебошад.
         Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ аз санаи 10 то 20 январи соли 2023 дар ҷумҳурӣ сардии ҳаво то 20 дараҷа пешбинӣ шудааст.
      Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барқияи ҳукуматӣ №5/28-1, аз 11 январи соли 2023 оид ба пурзур намудани ситодҳои зимистонгузаронӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, диққати ҷиддӣ дода ба таъмини чорвои калони шохдор ва моли майда бо хурокҳои серғизо ва дурушт, таҳти назорат қарор дода ҳолати омодагии биноҳҳои фермаю кашарҳо, инчунин бо мақсади роҳ надодан ба талафёбии олами ҳайвонот ва парандагони нодир, таъмини онҳо бо хурокҳои серғизо ва дурушт аз тарафи муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои биотехникӣ гузаронида шудаистодааст ва корҳо дар ин самт бо маром ҳамаруза идома дорад.

18.01.2023

8


27.11.2024 13:05

Ахборҳо

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат ...

30.06.2025

Эълон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

      

          Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
    барои ишғоли мансабҳои холии...

17.06.2025

Ҳаммаи ахборҳо
00:00