
АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Иттилоот

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин
ОЗМУН эълон менамояд:
1. Сармутахассиси Раёсати хоҷагии ҷангал – 1 ҷой.
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Сармутахассиси шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо – 1 ҷой.
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой.
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
4. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой.
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
5. Мутахассиси шуъбаи бунёду барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳо – 1 ҷой.
Маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
6. Мутахассиси шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо – 1 ҷой.
Маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
7. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой.
Маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Мутахассиси шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:
- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.
Ҳуҷҷатҳои ба ОЗМУН пешниҳодшаванда:
-аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хоҷагии ҷангал;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 донаги расмҳои андозаи 3х4 ва 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 16 июни соли 2025 оғоз гардида, рўзи охирини қабул 7 июли соли 2025 мебошад. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кўчаи Бўстон -3, телефон барои тамос: 225 – 06 – 43, 225–08–14, 225-08–16 e-mail:forestry-agencytj@mail.ru; info@forest.tj; web:http://www.forest.tj
17.06.2025
9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус 15 ҳазор иштирокдор аз 120 давлати ҷаҳон ва зиёда аз 70 созмони байналмилалию минтақавӣ, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 50 кишвар ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд ва ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки хатарҳои муосир ба уқёнусҳо мушкилоти умумибашарӣ буда, беш аз пеш андешидани тадбирҳои дастҷамъиро тақозо менамоянд.
11.06.2025
3
3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи мазкур ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут соли 2024 оғоз гардида буд.
Паҳноии роҳ 50 метрро ташкил дода, аз 8 хати ҳаракат дар ду самт иборат аст. Пиёдароҳҳо, як пул дар болои канали Ҳисор бо дарозии 37,5 метр, гузаргоҳ аз болои роҳи оҳан бо дарозии 175 метр, 2 гардиши нақлиётӣ ва шинонидани дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд...
04.06.2025
5
30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза боз як қадами муҳим дар густариши ҳамкорӣ ва идомаи анъанаҳои неки муколамаи созанда миёни Осиёи Марказӣ ва Италия хоҳанд шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об, тандурустӣ, кишоварзӣ ва илму маорифро муҳим шумориданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар робитаҳои кишварҳо мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.
02.06.2025
3
Рӯзи 28 майи соли 2025 вохӯрии директори Агентии хоҷагии ҷангал Абдуҷаббор Юсуфзода бо ҷаноби У Чжимин директори департаменти ҷангали Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO UN), ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, сурат гирифт.
Зимни мулоқот масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои Агентии хоҷагии ҷангал бо Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, ки таърихи бисёрсолаи натиҷабахш дорад мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, дастурамали рӯйимизӣ бо забонҳои русӣ ва англисии "Захираҳои генетикии ҷангали Тоҷикистон" барои мутахассисони ватаниву хориҷӣ таҳия гардидааст.
02.06.2025
5
Олиҷанобон, муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Шуморо ба Тоҷикистон, ки нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ мекунад, самимона хайрамақдам мегӯям.
Ин Конфронс қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад.
Ҳамоиши имрӯза барои табодули афкор вобаста ба ин мавзӯи ҳаётан муҳим, инчунин, истифодаи оқилонаи захираҳои об арсаи муколамаи судмандро фароҳам меоварад...
30.05.2025
4
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.
01.05.2025
2
27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бар асари он ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди мардум боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Бо эълони ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи фоҷеабор ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷрӯҳон шифои комил масъалат дорам”.
29.04.2025
Субҳи 26 апрели соли равон дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе фестивали гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" баргузор гардид.
28.04.2025
4
17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ, дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳаматарафа ба аҳолии осебдида мебошад.
Таъкид гардид, ки бо мақсади муайян намудани хисороти расида аз ин офати табиӣ ва ташкили корҳои бартарафсозӣ оқибатҳои он ба таври фаврӣ Комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар ва дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳо таъсис ёфта, ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сафарбар гардид.
18.04.2025
3
Ҳуҷҷатҳо
Ахборҳо
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли мансабҳои холии...
17.06.2025
9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конфронси Созмони Милали...
11.06.2025
3
3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳилаи дуюми корҳои...
04.06.2025
5