Ҷустуҷӯ дар сомона

 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ дар Ҷамоати деҳоти Лангар ва Иван Точики нохияи Кӯҳистони Мастчоҳ

13 апреля 2022 14:44

Санаи 4 апрели соли 2022 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 марти соли ҷорӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намудаанд, намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба Ҷамоати деҳоти Лангар ва Иван Точик ташриф оварда, бо фаъолону масъулин ва сокинони ҳудуди ҷамоат вохӯрию мулоқот баргузор намуда, оид ба моҳияти нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотӣ дар ин самт, истифодаи сарфакоронаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, ба роҳ мондани кишти зироатҳо, зиёд намудани майдони кишти картошка, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум дар деҳот, бунёди инфрасохторҳои муҳими иҷтимоӣ дар деҳот, таъмири роҳҳо ва беҳсозии вазъи муассисаҳои маорифу тандурустӣ дар деҳот ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд....

19.03.2024

12

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи  Муъминобод

11.03.2024

6

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

11.03.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00