Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САДА - ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

25 января 2024 14:16

САДА - ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну Ҷамшед ёдгор аст.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эҳё гардонидани анъана ва расму оинҳои ниёгонамон, бозгашт ба гузаштаву сарчашмаи асолати миллии онҳо иқдомҳои бузурге роҳандозӣ шуда истодаанд.
Яке аз онҳо ин ҷашни Сада мебошад, ки ҳамасола бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Дар ин ҷашни бузург намоиши ниҳолу зироатҳои кишоварзӣ, олоти кории деҳқон, маҳсулоти дасти ҳунармандон, маъракаи сурудхониву таблиғи оинҳои миллӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада ҳастанд пешкаш мегардад.
Ҷашни Сада яке аз анъанаҳои неки ниёгон дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мебошад, ки нишоне аз волоияти тамаддуни мо маҳсуб меёбад. Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрўхтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд. Чун оташ дар фарҳанги мардуми ориёӣ рамзи покӣ, рӯшноӣ ва гармӣ буда, сарчашмаи рӯзгори босубот ва зиндагии шоиста маҳсуб меёфт.
Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон расонандаи муждаи баҳор буд. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр) – ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Сада ном гирифтани ин ҷашн беҳуда нест, зеро он аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт.
Пайдоиши ин ҷашнро ба паҳлавони асотирӣ – Ҳушанг нисбат медиҳанд. Аз он ҷумла Абулқосими Фирдвсӣ дар “Шоҳнома” оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозеро мебинанд. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда, шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегиранд. Мардум то ин вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ мехонанд. Шоҳ Ҳушанг ба Худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ, Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ. Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд, Сада номи он ҷашни фархунда кард, Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор, Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр. (А. Фирдавсӣ, “Шоҳнома”)
Бо ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар Ботсвана баргузор шуд, «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Имрӯзҳо мо низ дар арафаи ҷашни таҷлили рӯзи Сада қарор дорем ва ин ҷашни аҷдодиро дар саросари мамлакатамон таҷлил менамоем. Аз ин ҷост, ки Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин ҷашнвора намоиши маҳсулотҳои хоҷагии ҷангал ва ниҳолҳои мевадиҳанда ороишию сояафкан ва тухмиҳоро омода намуда пешкаши сокинони мамлакат гардонда истодааст.
Акрамов Хушнуд
сармутахассиси Раёсати хоҷагии ҷангали
Агентии хоҷагии ҷангали назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд....

19.03.2024

12

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи  Муъминобод

11.03.2024

6

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

11.03.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00