Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иштирок дар 15-умин Конгресси ҷаҳонии ҷангал

06 мая 2022 09:50

Аз 2 то 6 майи соли ҷорӣ 15-умин Конгресси ҷаҳонии ҷангал дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ ва директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал” Ҳисайнов Нуралӣ иштирок намуданд.
Конгресси мазкур бузургтарин ва бонуфузтарин ҷаласаи соҳаи ҷангал дар ҷаҳон аст, ки дар шаш сол як маротиба таҳти сарпарастии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (FAO) баргузор мегардад.
Дар 15-умин Конгресси ҷаҳонии ҷангал директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор суханронӣ намуда, масъалаҳои ҷараён, пешбурд ва таҳкими ҳамкориҳо байни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея, пешгирии биёбоншавӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи ҷангалҳо, инчунин роҳандозии ҳамкориҳо ҷиҳати рушди босамари соҳаи ҷангал дар минтақа ва ҷаҳонро зикр намуданд.
Конгресси болозикр таҳти унвони “Сохтани ояндаи сабз, солим ва устувор бо ҷангалҳо” панҷ рӯз идома ёфта, дар чаҳорчӯби он вохӯриву чорабиниҳои мухталиф баргузор гардид, ки дар онҳо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.
Аз натиҷаи кори Конгресси мазкур иштирокчиён ҷиҳати пешбурд ва рушди хоҷагии ҷангал дар Осиёи Марказӣ дар шаш соли минбаъда як қатор масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, маводҳои тавсиявӣ ва лоиҳаҳои нав дар соҳаи хоҷагии ҷангал пешниҳод гардиданд.

Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд....

19.03.2024

12

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи  Муъминобод

11.03.2024

6

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

11.03.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00