Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Корҳои Бунёду барқароркунии саксаул дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок

02 декабря 2022 13:45

          

Дар доираи Лоиҳаи “Барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва мутобиқшвавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ноҳияи Шаҳритус дар майдони зиёда аз 200 гектар ниҳоли саксаул шинонида шуд.

Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 200 гектар ниҳоли саксаул шинонида шуд. Дар назар аст, ки то мавсими баҳори соли 2023 дар ин мавзеъ боз дар майдони 100 гектар саксаул шинонида шавад.

Ба андешаи мутахассисони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вуқӯъ омадани чангу ғубор ба тағйирёбии иқлим вобаста буда, гарду ғуборе, ки дар кишвар мевазанд, асосан аз самти сарҳад- мавзеъҳои хушки Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон ба амал меоянд.

«Мақсад аз бунёди саксаулзор- маҳз ҳимояи аҳолии маҳаллӣ аз вазиши чунин чангу ғубор мебошад. Зеро ниҳоли саксаул қум ва регҳоро мустаҳкам намуда, заминҳои хоҷагӣ ва маҳалҳои ба дашту биёбон наздикбударо аз вазидани чангу ғубор муҳофизат мекунад».

Бунёди майдони саксаулзор дар доираи Лоиҳаи “Барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки Лоиҳаи мазкур дар доираи ҳамкории Агентии ҷангали Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея амалӣ карда мешавад. Лоиҳа моҳи июли соли 2020 оғоз гардида, то моҳи августи соли 2023 давом меёбад.

Рӯзи 29 ноябри соли ҷорӣ аз рафти амалишавии Лоиҳа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок, директори минтақавии Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) Ҷон Минён, Намояндаи Хадамоти ҷангали Корея-ҳамоҳангсози Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сеҷин Ҷу, муовини Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода, Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» Нуралӣ Ҳусейнов шинос шуда, дар маросими шинонидани ниҳоли саксаул ширкат варзиданд.

Тазаккур бояд дод, ки бунёди саксаулзорҳо ҷиҳати пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити сукунати олами ҳайвонот ва таъмини некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Бунёди саксаулзорҳо дар доираи «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур ба роҳ монда шудааст.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок изҳор намуд, ки соли равон аз барқарор гардидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Корея сӣ сол сипарӣ гардида, ин робитаҳо зина ба зина рушд намуда истодаанд.

Мақсад аз бунёди саксаулзор ҳимояи аҳолии маҳаллӣ аз вазиши чунин чангу ғубор мебошад. Зеро ниҳоли саксаул қуму регҳоро мустаҳкам намуда, заминҳои хоҷагӣ ва маҳалҳои ба ба дашту биёбон наздикбударо аз вазидани чангу ғубор муҳофизат мекунад.

Саксаул чист?

Саксаул як намуди дарахтест, ки асосан биёбон мерӯяд ва баландиаш тақрибан 5-8 метр мебошад. Ин растанӣ ба хушксолии шадид, гармии тоқатфарсо ва шӯразамин тобовар мебошад..

Танаи растанӣ каҷ аст, аммо сатҳи ҳамвор дорад ва диаметраш ба 1 метр мерасад. Ин намуди дарахт тоҷи азими сабзи дурахшон дорад, ки аз дур намоён мегардад

                                           

 Чаро саксаулро растании ғайриоддӣ меҳисобанд?

Ин растанӣ хусусияти биологии худро дорад, зеро он ба иқлими биёбон мутобиқ мешавад. Он хоки регдорро аз шамол муҳофизат ва то андозае эрозияи шамолро пешгирӣ мекунад. Ин имкон медиҳад, ки биёбон экосистемаи табиии худро нигоҳ дорад.

Ба ғайр аз вазифаи асосӣ саксаул ҳайвоноти хонагии маҳаллӣ (гов, гӯсфанд, шутур)-ро бо манбаи иловагии хӯрок таъмин мекунад.


Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд....

19.03.2024

12

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи  Муъминобод

11.03.2024

6

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

11.03.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00