Ҷустуҷӯ дар сомона

 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баррасии муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

25 января 2024 14:56

         Бо ташаббуси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори дастгоҳи марказии Агентӣ оид ба тавзеҳи муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки аз 28 декабри соли 2023, ироа гардид, ҷаласа баргузор карда шуд.
         Ҷаласаро муовини директори Агентӣ Шарифзода Д.Ҷ. ифтитоҳ бахшида, бо мақсади иҷрои амри Президенти    Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2024, №АП-484 вобаста ба тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, бандҳои дахлдорро ҷиҳати омӯзиш ва баррасӣ қарор доданд.
          Шарифзода Д.Ҷ. дар баромади худ қайд намуданд, ки дар паёми мазкур бо дарназардошти тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар диққати бештар ба масъалаҳои вобаста ба ҷангал дода шудааст, аз ҷумла супориш дода шудааст, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 барномаи мушаххаси кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ барои давраи то соли 2040 таҳия ва дар амал татбиқ намуда, пешниҳод карда шавад. Инчунин, андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати рушди “Иқтисоди сабз”, паст кардани партови газҳои гулхонаӣ, ҷалби сармоягузории давлатӣ дар асоси сиёсати “дарҳои кушода” ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон вазифагузориҳо карда шудаанд.

Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд....

19.03.2024

12

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи  Муъминобод

11.03.2024

6

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

11.03.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00