Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Идоракунии устувори ҷангалҳои пистазор ва усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

29 июля 2022 10:48


     Санаи 26-27 июли соли ҷорӣ бо иқдоми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар доираи Барномаи минтақавии “Истифодаи ҳамгироёнаи замин бо назардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Идоракунии устувори ҷангалҳои пистазор ва усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур кормандони дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангал ва мутахассисони муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали системаи Агентӣ, намояндагони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, инчунин намояндагони ташкилоти GIZ иштирок намуданд.
      Дар рӯзи аввали семинар ҷанбаҳои назариявӣ ва консептуалии идоракунии ҷангалҳои пистазор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Иштироккунандагон бо пешбурди корҳои хоҷагии ҷангал дар самти технологияи нави парвариши ниҳолҳои писта, бунёд ва барқароркунии пистазорҳо, технологияи ташкили плантатсияҳои замонавӣ, усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва асосҳои идоракунии устувори пистазорҳо шинос шуданд.
      Боиси тазаккур аст, ки дар рӯзи 2-юми семинари омӯзишӣ иштирокчиён ба хоҷагии ҷангали Хуросон сафар карда, оид ба ташкили корҳои ҳифзу нигоҳдорӣ, бунёду барқароркунии пистазор дар минтақаҳои хушкӣ шинос шуда, корҳои амалӣ оид ба усулҳои пайванди дарахтони синну солашон гуногун, аз ҷумла навниҳолҳо бо истифода аз технологияи муосир гузарониданд.
Донишу таҷрибаи аз натиҷаи семинари омузишӣ гирифтаи кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал барои минбаъд истифода намудани усулҳои нав дар пешбурди корҳои хоҷагии ҷангал дар самти парвариши писта, таъмин намудани идоракунии устувори пистазорҳо ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо мусоидат менамояд.


Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд....

19.03.2024

12

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи  Муъминобод

11.03.2024

6

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

11.03.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00