Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони муҳандисӣ-технакӣ ва коргузорони ташкилоту муассисаҳои системаи хоҷагии ҷангал

10 октября 2022 13:54

        Дар асоси фармоиши Агентӣ аз 6 сентябри соли 2022, таҳти № 98 “Дар бораи Барнома ва нақшаи гузаронидани машғулиятҳои омўзишӣ барои кормандони муҳандиси-техникӣ ва коргузорони ташкилоту муассисаҳои системаи хоҷагии ҷангал” аз 13 сентябр то 4 октябри соли ҷорӣ 10 машғулияти омўзишӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, зиёда аз 175 нафар кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал аз тамоми ташкилоту муассисаи системаи Агентӣ ба омўзиш фаро гирифта шуданд, ки он барои фаъолияти самараноки минбаъдаи онҳо мусоидат хоҳад намуд.
       Аз ҷумла, бо фармоишҳои Агентӣ аз 12 сентябри соли 2022, № 96 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Данғара, Ванҷ ва минтақаи Кулоб, аз 19 сентябри соли 2022, № 99 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияи Айнӣ ва вилояти Суғд, аз 23 сентябри соли 2022, № 102 ба Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳритус, шаҳри Ваҳдат ва Рашт шахсони масъули дастгоҳи марказии Агентӣ сафарбар гардиданд. Инчунин, машғулияти ҷамъбастии он санаи 4 октябри соли љорӣ дар бинои Агентӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Агенти, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор, муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Шаҳринав, “ Қаратоғ”- шаҳри Турсунзода ва минтақаи ҷангалпарварии “ Эсанбой”- и ноҳияи Рудакӣ баргузор карда шуд.
       Боиси тазаккур аст, ки машғулиятҳои омўзишии гузаронидашуда ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026 ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2022, №28/10-348(6) оид ба гузаронидани семинару тренингҳо бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал амалӣ карда шуданд.
      Ҳамзамон аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ таклифу пешниҳодҳо барои самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор, ворид намудани тағийроту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, манфиатнок будани машғулиятҳои омўзишӣ ва минбаъд низ мунтазам гузаронидани онҳо манзур карда шуд.
Қайд бояд кард, ки машғулиятҳои омӯзишии мазкур бо дастгирии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар доираи лоиҳаи Барномаи минтақавӣ “Истифодаи ҳамгироёнаи замин бо назардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардидааст.


Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд....

19.03.2024

12

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар мавзеи Чилдухтарони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи  Муъминобод

11.03.2024

6

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

11.03.2024

3

Ҳаммаи ахборҳо
00:00